ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон дар парвандаи ифшои сирри давлатӣ расман муттаҳам мешавад.
Матбуоти маҳаллӣ дар ин бора менависанд, ки дар баробари раҳбари ҳизби мухолифи "Таҳрики Инсоф" ба унвони вазири собиқи корҳои хориҷаи кишвар Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ низ иттиҳомот ирсол шудааст.
"Ҳарду раҳбари "Таҳрики Инсоф" пас аз пешниҳоди дархост барои қатъ кардани айбнома айбдор карда шуданд", - таъкид мекунад расонаҳо.
Зимнан зикр мегардад, ки додрас ин дархостҳоро рад карда, изҳор дошт, ки мурофиа барои эълони айбнома таъин шудааст.
"Тибқи тартиб, додгоҳ ҳозир шудани шоҳидонро рӯзи 27 октябр таъин карда, муҳокимаро ба ин сана мавқуф гузошт", - навиштааст расонаҳои маҳаллӣ.
Ба гуфтаи манобеъ, Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ва Имрон Хон иттиҳомоти алайҳи худро эътироф накардаанд.
Қаблан муҳлати боздошти Имрон Хон, раиси пешини ҳукумати Покистон тамдид шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки собиқ раиси ҳукумати Покистон Имрон Хон бо пардохти гарав аз зиндон раҳо шуд. Он замон Додгоҳи олии Исломобод шикоятро баррасӣ ва ҳукми додгоҳро мавқуф гузошта буд.
Дар соли 2022 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алайҳи сарвазири собиқи дар қаллобӣ ва сохтакорӣ иттиҳом эълон карданд, ки он ба муомилоти ғайриқонунии фурӯши тӯҳфаҳои раҳбарони хориҷӣ дахл доштанд.
Иддао мешавад, ки раиси пешини ҳукумат ва ҳамсараш дастикам 52 тӯҳфаи анбори давлатии Тошахонро азонихуд кардаанд.
Гуфта мешавад, ки онҳоро раҳбарони кишварҳои Ховари Миёна супурданд ва арзишашон беш 2 миллион доллар арзёбӣ мешавад.
Моҳи майи соли 2023 Имрон Хон барои 8 рӯз боздошт шуд. Аммо баъдан Додгоҳи олии Покистон боздошти ӯро ғайриқонунӣ эълон кард ва сиёсатмадор озод шуд.