Дар 20 рӯз чанд фисади нақшаи даъват ба артиш иҷро шуд: посухи Вазорат

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз ҷамъбасти бистрӯзаи нақшаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гуфта, минтақаҳои пешсафро ном бурд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми 20 рӯзи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 66% нақша иҷро шуд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи кишвар хабар дод.
Бар хабари манбаъ, шаҳру навоҳии ВМКБ, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда, аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.
Ин манбаъ афзуд, ки дар шаҳру навоҳии тобеи марказ нақшаи иҷрои даъват ба артиш 73,3% иҷро гардидааст.

“Даъвати шаҳрвандон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар вилояти Хатлон муташаккилона ва дар сатҳи баланд идома дорад”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Манбаъ афзуд, ки дар бист рӯз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, нақшаи даъватро 71% иҷро намудаанд.
Вазорати мудофиа натиҷаҳои даҳрӯзаи аввали даъват ба артиши Тоҷикистонро эълон кард
Назар ба дигар минтақаҳо дар вилояти Суғд омор андак пасттар буда, дар 20 рӯзи оғози ин маърака шаҳру навоҳии вилояти Суғд 54%-и нақшаро анҷом додаанд.
Дар шаҳри Душанбе бошад ин омор ба 65 % баробар аст.
Даъвати тирамоҳии наваскарон дар Тоҷикистон аввали моҳи октябр оғоз гардида, то охири ноябр идома хоҳад дошт.