Маълум шуд, ки созишнома дар бораи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эрон кай ба имзо мерасад

Ҳукумати Белорус эълон кардааст, ки имзои Созишнома дар бораи тиҷорати озод миёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо Эрон дар соли 2023 ба нақша гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Қарор аст, ки Созишнома дар бораи тиҷорати озод миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эрон то охири соли 2023 имзо расад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Беларус ахиран ба хабаргузории давлатии БелТА хабар додааст.
"Кор болои лоиҳаи созишномаи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эрон ба анҷом расид. Ин санад имсол имзо мешавад", - гуфтааст ҳукумати Белорус.
Ёдоварӣ мекунем, ки дар ҳоли ҳозир миёни Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё як созишномаи муваққатӣ вуҷуд дорад, ки барои ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ, ки дар соли 2018 дар Остона имзо шуда буд, замина фароҳам месозад.
Афзоиши андаки нархҳои маҳсулоти ғизоӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАЛ) як иттиҳодияи иқтисодӣ миёни кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Арманистон аст.