Соҳибкорони Волгогради Русия маҳсулоти худро ба Тоҷикистон меоранд

Дар Маркази минтақавии дастгирии содирот, аз ҷумла соҳибкорони тоҷик дар ҷаласаи “Конвент Ҷаҳонии тиҷорат” ширкат хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Соҳибкорони Волгоград тасмим доранд, то охири соли 2023 бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон биёянд.
Дар ин бора Маркази минтақавии дастгирии содирот хабар додааст.
Ҳамин тариқ, тоҷирони рус ният доранд, ки маҳсулоти ғизоӣ ва кимиёи истеҳсоли худро дар Тоҷикистон муаррифӣ кунанд.
Ин Марказ қайд мекунад, ки соҳибкорони Волгоград дар доираи ҷаласаи хариди Конвент Ҷаҳони тиҷорат бо соҳибкорони тоҷик як қатор вохӯриҳои корӣ ва гуфтушунидҳо баргузор мекунанд.
Дар байни иштирокчиёни чорабинӣ намояндагони Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва дигар кишварҳо ширкат хоҳанд кард.
Даъвати мақомоти Тоҷикистон аз раҳбарияти минтақаи Красноярск барои ҳамкорӣ бо Хатлон
Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуда буд, ки Русия ва Тоҷикистон аз ҳисоби интиқоли қолабҳои оҳанин ва масолеҳи сохтмонӣ гардиши молро афзоиш медиҳанд.
Чунон ки намояндагии тичоратии Русия хабар дода буд, ин навъи маҳсулот ба сабаби "мавҷи навбатии рушди сохтмон" дар ҷумҳурӣ серталаб шудааст.