ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Таҳдидҳои афзояндаи иқлим дар саросари ҷаҳон боиси нигаронӣ гаридааст.
Дар ин бора Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, дар доираи конфронси коҳиши офатҳои табиӣ, ки бо ибтикори КҲФ-и ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, изҳор дошт.
"Тамоми ҷаҳон шоҳиди афзоиши якбораи ҳарорати ҳаво шудааст, ки дар тӯли тамоми таърихи мушоҳидаҳо ба сатҳи рекордӣ расидааст. Тибқи гузориши ахири Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ, гармшавии бесобиқаи ҳарорати ҳаво дар Осиё аз рӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ аз сатҳи миёна болотар аст", - гуфт ӯ.
Дар конфронси Душанбе намояндагони вазорату идораҳои дахлдори 30 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.
Раиси КҲФ Тоҷикистон қайд кард, ки тағйирёбии иқлим ба тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ҷумла сар задани ярч, сӯхтор ва обхезӣ ҳам ба мардум ва ҳам ба инфрасохтори кишвар таҳдид мекунад.
Оқои Назарзода ҳамчунин ба обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кард, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ дорад.