Ифтитоҳи сардхона ва ду коргоҳ дар ноҳияи Восеъ - видео

Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Селбури деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бинои сардхона ва ду коргоҳи истеҳсолиро ифтитоҳ кард
Sputnik
Коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, нонӣ, мевахушккунӣ, бандубаст ва анбор барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи сокини ноҳияи Восеъ, роҳбари ширкати "Мир Осор" Нуриддин Қаҳҳоров сохта шудаанд.
Дар корхона дар як баст 10 намуд маҳсулоти қаннодӣ дар ҳаҷми 2 тонна истеҳсол мешавад. Дар коргоҳи дигар дар як баст 5 тонна мева ва сабзавот хушконида шуда, ҷавобгӯ ба талаботи бозор ва рақобатпазир бастабандӣ мешавад.
Идомаи сафари Раҳмон ба Хатлон: Раисҷумҳур дар Муъминобод чандин иншоотро ифтитоҳ кард
Дар бинои нави сардхона имкон аст то 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгир шавад.
Дар 9 моҳи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 23 корхона барои истеҳсоли меваи хушк ва 107 корхона барои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ сабт шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми 4,5 ҳазор тонна меваи хушк ва 18,4 тонна маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол намудаанд.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 аз қаламрави ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 358,4 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва 54 138 тонна меваи хушк содирот гардидааст.