Ифтитоҳи роҳи Муъминобод-Ғеш-Чилдухтарон

Раисҷумҳури кишвар зимни сафари кориаш ба Хатлон роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллии Муъминобод-Ғеш-Чилдухтаронро ба истифода дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллии Муъминобод-Ғеш-Чилдухтаронро мавриди истифода қарор дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, масофаи роҳи сохташуда 12 километрро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ бо харҷи 10 млн 400 ҳазор сомонӣ анҷом дода шудаанд.
Қайд карда шудааст, ки роҳи мазкур ба категорияи 4-уми роҳдорӣ шомил мебошад.
Роҳи Муъминобод-Ғеш-Чилдухтарон барои пайваст шудани ноҳияҳои ҳаммарз бо ноҳияи Муъминобод мусоидат менамояд.
Ин роҳ ноҳияи Муъминободро ба ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалик мепайвандад ва барои гардиши сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити мусоидро фароҳам месозад.
Ифтитоҳи корхона, маркази ҷавонон ва сардхона: Идомаи сафари Раҳмон ба Муъминобод
Дар ҳамин ҷо инчунин лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи Чашмасор-Лангар, роҳҳои таворавии шаҳри Кӯлоб, сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди Тугарак-Шамсиддин Шоҳин муаррифӣ гардид.
Манбаъ таъкид намудааст, ки корҳои лоиҳакашии қитъаҳои роҳи автомобилгарди Чашмасор-Лангар ва Тугарак-Шамсиддин Шоҳин пурра ба анҷом расонида шуда, дар баррасии экспертизаи давлатӣ қарор доранд.
Дар ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод, ки ҳамчун минтақаи сайёҳӣ шинохта мешавад, сол аз сол инфрасохтори соҳаи нақлиёт беҳтар мешавад, ки ин тадбир ба ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.