ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Намояндагии Эрон дар Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳамлаи Исроил ба бемористони "Алмаъмадонӣ" дар Ғаззаро маҳкум кард .
“Мардуми дунё шоҳиди ҳамлаи Исроил ба бемористони “Алмаъмадони”-и Ғазза бо истифода аз бомбҳои амрикоӣ буданд, ки мунҷар ба шаҳодати садҳо тан аз занону кӯдакон ва шаҳрвандони ғайринизомии Фаластин шуд”, - омадааст дар баёния.
Сафорат ин иқдомро қатъиона маҳкум кардааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ҳамла ба беморхонаи Ал-Аҳлии Фаластинро, ки боиси куштаву захмӣ шудани теъдоди зиёди одамон, аз ҷумла кӯдакону занон гардид, шадидан маҳкум кард.
Ин ниҳод бо нашри як изҳорот гуфт, иншооти ғайринизомӣ, махсусан беморхонаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мавриди ҳамла қарор гиранд ва дар ҳама гуна шароит бояд макони амн барои хизматрасонӣ ба мардум бошанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба пайвандони кушташудагон тасалият ва ба захмиён шифои комил хоста, амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум кардааст.
Душанбе ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват кард.