Умедвории Афғонистон барои узвияти комил дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай

Ҳукумати феълии Афғонистон дар симои толибон* ба дастгирии Русия барои узвияти комил дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай умедвор аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Кордори Афғонистон дар Русияи Ҷамолнасир Гарҳавал ахиран ба Sputnik гуфт, мақомоти Афғонистон умедворанд, ки Русия аз Кобули расмӣ барои тағйири вазъияти нозири худ ба узвияти комили СҲШ ҳимоят кунад.
“Бо тавваҷуҳ ба равобити таърихӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон ва Русия ва ҳамчунин равобити фаъоли байни ду кишвар дар ду соли гузашта, мо умедворем, ки Маскав дар тағйири вазъияти кишвари мо дар СҲШ ҳимоят кунад. Мо муътақидем, ки Афғонистон шоистаи тағйири вазъияти нозир дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва табдил шудан ба як узви комили ин созмон аст”, - гуфт Насир.
Ба гуфтаи вай, пеши заминаҳои ҳимояти Русия аз Афғонистон дар узвияти СҲШ ба таври комил вуҷуд дорад.
Намояндаи муваққатии Афғонистон дар Русия гуфт: “ман муътақидам, ки ҳимояти Русия аз мавзеи Афғонистон дар ин замина, танҳо равобити дӯстона байни Кобул ва Маскав, аз ҷумлаи ҳамкории иқтисодиро тақвият хоҳад кард”.
Гуфтугӯи намояндагони ИМА бо масъулини Ӯзбекистон дар бораи ҳавопаймоҳои Афғонистон
Созмони Ҳамкориҳои Шанхай як созмони байналмилалӣ аст, ки дар соли 2001 таъсис ёфт.
Шомили Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон аст. Кишварҳои нозир Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Иморот, Туркия ва Шриланка ҳастанд.
Иҷлоси сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар июли 2024 дар шаҳри Остона баргузор хоҳад шуд.