ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Шохиси нархҳои истеъмолӣ барои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар моҳи сентябри соли 2023 дар муқоиса бо солона 106,5 фоизро ташкил дод, иттилоъ додааст департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Шохиси нархҳои истеъмолии мол ва хизматрасонӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар моҳи сентябри соли 2023 нисбат ба моҳи августи соли 2023 100,8%, дар моҳи декабри соли 2022 – 104,8% ва моҳи сентябри соли 2022 – 106,5%-ро ташкил дод.
Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли 2022 нархи хизматрасониҳои пулакӣ дар саросари ИИАО (9,7%) ба таври назаррас афзоиш ёфт.
Нархи махсулоти ғизоӣ дар ин давра 5,4%, махсулоти ғайриозуқа 5,3% афзуд.
Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар кишварҳои ИИАО бештар дар Қазоқистон (11,4%) ва Қирғизистон (7,6%) ба қайд гирифта шудааст.
Афзоиши бештари нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар Қирғизистон (14,5%) ва Қазоқистон (12,1%), хизматрасонии пулакӣ дар Қазоқистон (11,9%) мушоҳида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Комиссия иқтисодии АвруОсиё хабар дода буд, ки дар соли 2023 рушди суръати фаъолияти иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИИАО пешбинӣ кардааст.
Тибқи пешгӯиҳои вазоратҳои иқтисодии кишварҳои узви иттиҳод, суръати афзоиши ММД Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар охири соли 2023 ба 3% афзудааст.