Қатар хостори сармоягузорӣ дар чанд тарҳи муҳими Тоҷикистон шудааст

Раиси Шӯрои соҳибкорони Қатар изҳори омодагии худро барои ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноку ояндадор дар Тоҷикистон баён кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Қатар хостори сармоягузорӣ дар чанд тарҳ дар Тоҷикистон шудааст.
Дар ин бора дар пайи мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо раиси Шӯрои соҳибкорони Қатар ва директорони гурӯҳи ширкатҳои "Файсал Холдинг" Шайх Файсал ибни Қосим Олӣ Сонӣ маълум шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар рафти гуфтушунид сатҳи баланди муносибатҳои байни кишварҳо таъкид гардид.
Илова бар ин, Файсал бин Қосим Оли Сонӣ хоҳиши худро барои сармоягузорӣ дар рушди чунин самтҳо изҳор дошт:
1. Сохтмони майдони фурудгоҳи байналмилалии мусофирбар ва боркаш дар ноҳияи Данғара;
2. "ТАЛКО Голд",
3. хатсайрҳои мусофирбар байни Душанбе ва Доҳа,
4. сохтмони НБО-и "Шуроб",
5.рақобатпазирии ширкати "Сомон Эйр".
Таъкид мешавад, ки раиси Шӯрои соҳибкорони Қатар омодагии худро барои оғози ҳамкорӣ дар иҷрои тарҳҳои пешниҳодшуда изҳор кардааст.
Ташкили Шӯрои муштараки тиҷорӣ миёни Тоҷикистону Қатар
Қаблан Қатар дар чаҳорумин ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии кишварҳо оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ хоҳиши маблағгузорӣ ба тарҳҳои афзалиятноки Тоҷикистонро изҳор дошта буд.
Илова бар ин, ин кишвар хоҳиши ҷудо кардани маблағ барои рушд ва таҷдиди неругоҳи барқи обии Роғунро кард.