Беш аз 90% довталабони таҳсил аз Суғд Русияро интихоб мекунанд

Мавҷуд будани имкониятҳои фаровони таҳсил аз сабабҳои аслии зиёд таваҷҷӯҳ намудани довталабони тоҷикистонӣ ба муассисаҳои таълимии Русия арзёбӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Дар Суғд дар умум шумори довталабони таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ коҳиш ёфтааст, бармеояд аз омори раёсати маорифи вилоят.
Бино ба иттилои муовини сардори Раёсати маорифи Суғд, Сайфулло Раҳматов соли ҷорӣ шумори довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар ба зиёда аз 1,9 ҳазор нафар баробар шудааст.
Соли гузашта аз шаҳру навоҳии Суғд 2,5 ҳазор довталаб ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар дохил шуда буданд, зикр намуд ӯ.
"Шояд масъалаҳои иқтисодӣ бошад ё чизи дигар дар умум шумори довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ аз миёни хатмкунандагони макотиби Суғд камтар шуд" - гуфт ӯ.
Ин масъули идораи маориф дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ ҳудуди 90%-и довталабони суғдӣ аз миёни кишварҳои хориҷӣ донишгоҳҳои кишвари Русияро интихоб кардаанд.
“Аз шумори умумӣ 1765 нафар ба донишгоҳҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷумла Русияву Қазоқистон ва беш аз 150 нафари дигар ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷи дур дохил шудаанд" - қайд намуд, масъули идораи маориф.
Сайфулло Раҳматов мегӯяд, мавҷуд будани имкониятҳои фаровони таҳсил аз сабабҳои аслии зиёд таваҷҷӯҳ намудани довталабони тоҷик ба донишгоҳҳои Русия гуфта мешавад.
Вай афзуд, намояндагони донишгоҳҳои Русия бо довталабон бевосита вориди мулоқот мешаванд ва имкониятҳои мавҷудаи донишгоҳҳоро муаррифӣ мекунанд.
Имзои нақшаи чорабиниҳои муштарак Вазоратҳои маорифи Беларусу Тоҷикистон
“Таҳсили буҷавӣ яке аз имкониятҳои донишгоҳҳои Русия гуфта мешавад, ки довталабони тоҷик бо хушнудӣ онҳоро интихоб мекунанд” – таъкид кард мақомдор.
Бар пояи иттилои Идораи маорифи Суғд соли таҳсили 2022 – 2023-ро беш аз 31 ҳазор хонандагони макотиби ин вилоят хатм намуданд. Беш аз 50% ва ё 16 ҳазор аз ин теъдод ба донишгоҳҳои олӣ дохил шудаанд. Соли гузашта 17,2 ҳазор ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил шуда буданд.
Бино бо сабаби иҷро нашудани нақшаи қабул дар донишгоҳҳҳои кишвар, зимнан Маркази миллии тестӣ марҳилаи 4-уми дохилшавӣ ба донишгоҳҳоро ба роҳ монданӣ аст, ки қарор аст дар моҳи декабр доир шавад.