Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистону Қирғизистон наздик ба 14 км марзро муайян намуданд

Яке аз иштирокдорони ҷаласаи гуруҳи кории дуҷониба гуфт, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд ва аз натиҷаи он протокол ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории марз наздики 13,98 км хати сарҳади давлатии ду кишварро муайян намуданд
Дар ин бора манобеъ аз ҳукумати вилояти Суғд, яке аз иштирокдорони ҷаласаи гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дар бораи ин муайянсозӣ дар ҷаласаи рӯзҳои 12 - 18 октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мувофиқа шуд.

"Қисмати марзии муайяншуда ҳудудҳои навоҳии наздимарзии вилоятҳои Суғд ва Бодкандро дар назар мегирад", - гуфт манбаъ.

Вай таъкид кард, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд ва аз натиҷаи он дар протоколи дахлдор ба имзо расид.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ гурӯҳҳои корӣ ба тавсифи минтақаҳои боқимондаи марзӣ идома медиҳанд ва қарор аст ҷаласаи навбатӣ оид ба таъйин ва аломатгузории марз дар ҳудуди Қирғизистон доир шавад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷузъиёти мулоқоти Ятимов ва Тошиев дар бораи марз дар шаҳри Бӯстон
Ёдовар мешавем, ки ахиран рӯзи 16 октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва ҳамтои қирғизаш, Қамчибек Тошиев дар бораи марз мулоқот анҷом доданд.
Тоҷикистону Қирғизистон миёни ҳам 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд.