ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Таҳкими ҳамкориҳо дар бахши амният аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммадризо Оштиёнӣ буданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Оштиёниро дар Қасри Миллат ба ҳузур пазируфт.
Манбаъ афзуд, ки ҷонибҳо бо ишора ба шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир зарурати таҳкими ҳамкориҳоро таъкид карданд.
Аз ҷумла муқовимат бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ зарур дониста шуд.
Ду кишвар аз тавсеаи фаъолияти абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, ҳамчунин татбиқи ҳамаҷонибаи санадҳо ва мувофиқаҳои дар ин соҳа ҳосилгардида ҷонибдорӣ карданд, омадааст дар иттилоия.
Вазири дифои Эрон дар садри як ҳайати баландпояи низомии ҷумҳурии исломӣ бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, қаблан бо ҳамтои тоҷикаш, Шералӣ Мирзо мулоқоту музокирот дошт.