ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Владимир Путин дар музокирот бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар Пекин гуфт, гардиши мол миёни Русия ва Чин дар охири сол беш аз 200 миллиард доллар мешавад.
"Шумо ҳоло ҳадафи мо дар бораи расидан ба 200 млрд доллар гардиши молро дар соли ҷорӣ зикр кардед. Агар сол ба сол нигоҳ кунед, мо таҳлил кардем, аз имрӯзи як сол пеш то ҳол аллакай 200 млрд вуҷуд дорад. Дар ҷамъбасти соли тақвимӣ, ин сатҳ бештар хоҳад буд", - гуфт Путин.
Роҳбари Чин тасдиқ кард, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба бо Русия ба рекордҳои таърихӣ мерасад ва эътимоди сиёсӣ амиқтар мешавад.
"Ҳамкории наздик ва муассири стратегӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар тӯли даҳ сол - аз соли 2013 сар карда, ман ва шумо, ҷаноби президент, 42 вохӯрӣ баргузор кардем, муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстии мустаҳками шахсӣ барқарор кардем", - қайд кард Си Ҷинпин.
Путин дар бораи муваффақиятҳои иқтисодии Чин изҳор дошт, ки ҳеҷ як раҳбари ҷаҳон 100 дарсад намедонад, ки чӣ гуна нақшаҳояш амалӣ мешаванд, аммо Чин дар ин масъала хуб кор мекунад
"Мо аз шумо ва барои ҳамаи онҳое, ки дар ин ҳамкориҳои васеъ иштирок доранд, хеле шодем, зеро аз ин ҳама манфиат мегиранд", - гуфт президенти Русия.
Путин ба Чин дар татбиқи барномаҳои бузургаш, аз ҷумла ғояи як роҳ як сарнавишт барои тамоми инсоният муваффақият орзу кард.