ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Музди миёнаи меҳнат дар шаҳру деҳоти Кӯлоб ба зиёда аз 1517 сомонӣ расид, ки нисбати нишондоди соли гузашта 278 сомонӣ бештар мебошад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон иттилоъ дода, афзуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб зиёда аз 1,4 ҳазор ҷойҳои нави кории доимию муваққатӣ дода шуд.
Дар баробари ин ба 305 нафар, аз ҷумла ба 168 нафар занон расман мақоми бекорӣ дода шуда, 321 нафар занон бо ҷойҳои кори доимӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун таъмин гардиданд.
Манбаъ афзуд, ки 12 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуда, 60 нафар ба касбомӯзӣ, 60 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 94 нафар ба кор роҳхат гирифтанд.
Таъкид гардид, ки ба рушди саноат, ки аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумат эълон шудааст, дар Кӯлоб таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Бар асоси омори расмӣ, дар натиҷаи чораҳои амалигардида дар давоми нимсолаи аввали соли 2023 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 29 корхонаи саноатии нав ба истифода дода шудаанд.
Корхонаҳо аз ҷумла ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, сохтмонӣ, мебел, бозичаҳои кӯдакона ва дару тирезаҳои пластикӣ машғул буда, дар ин замина 104 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.