ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон бо ҳузури даҳ ширкати бонуфуз баргузор мешавад
Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Муовини сардори Палатаи савдо ва саноати Суғд, Ғайрат Қобилзода дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, намоишгоҳи ширкатҳои ҳиндӣ ду рӯз баъд оғоз шуда, қарор аст то нуҳ рӯз давом кунад
“Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти заргариву ороишӣ, сарулибос ва чойи ҳиндӣ дар марази умум қарор дода хоҳанд шуд” – гуфт, Қобилзода.
Масъулони Палатаи савдо ва саноат мегуянд, ин намоишгоҳ дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ доир карда мешавад.
Зимнан ин 5 - умин намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон дар вилояти Суғд гуфта мешавад. То соли 2018 чунин намоишгоҳ мунтазам доир мешуд, вале ҳамагирии Covid-19 барои як муддат монеъи баргузории он гардид.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ намоишгоҳ рӯзи 20 октябр дар Кохи Рӯдакӣ дар Хуҷанд оғоз шуда, қарор аст то рӯзи 29 октябр идома кунад.
Интизор меравад, ки дар заминаи баргузории ин чорабинӣ миёни соҳибкорони тоҷик ва ҳиндӣ созишномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расонида хоҳад шуд.