ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар нӯҳ моҳи соли равон дар ҳаҷми 93,8 млн. сомонӣ даромади соф ба даст овардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,6% зиёд мебошад.
Дар ин бора дафтари матбуоти “Амонатбонк” хабар додааст.
Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки дар 9 моҳи соли 2023 Бонк дар маҷмуъ 63,8 млн. сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳои ҳатмиро аз рӯи фаъолияти худ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,1% зиёд мебошад.
“Амонатбонк” қайд кардааст, ки барои саҳмгузории назаррас дар низоми бонкӣ дар 5 соли оянда тавассути пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат, инчунин бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2022–2026 "Солҳои рушди саноат", дар самти ҳамасола зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.
Ин Бонк ба ҳолати 30 сентябри соли равон аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 42 ҳазор муштарӣ 1,4 млрд. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст.
Дар натиҷа, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми қарздиҳӣ 21,3% ва шумораи қарзгирон 11,9% зиёд гардидааст.