Амир Оштиёнӣ: Эрон ҳамвора аз тамомияти арзии Тоҷикистон ҳимоят мекунад

Вазири дифои Эрон бо таъкид бар ҳифзи сулҳ, суботу амнияти минтақа гуфт, ки Эрон ҳамвора аз тамомияти арзии Тоҷикистон ҳимоят мекунад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Вазири дифои Эрон Амир Оштиёнӣ дар дидор ва гуфтугӯ бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар шаҳри Душанбе, изҳор кард, ки равобити Эрону Тоҷикистон ба далели иштирокҳои фарҳангӣ ва иҷтимои ду миллат амиқ ва роҳбурдӣ аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Вай тасреҳ кард, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон аз ҷойгоҳи вижа ва барҷастае дар сиёсати хориҷии минтақаии Эрон бархӯрдор аст.
Оқои Оштиёнӣ бо баёни иштирокоти фаровони иҷтимоӣ, фарҳангӣ, динӣ, таърихӣ ва тамаддунии ду миллат, афзуд: таъбири фармондиҳи муаззами кули қуво дар хусуси равобит бо кишвари Тоҷикистон, равобите мубтанӣ бар бародарӣ ва хешовандӣ аст ва албатта ин равобит мондагори доимӣ ва ҳамешагӣ аст.
Оштиёнӣ бо баёни ин, ки илова бар пайвандҳои хешовандӣ нигоҳи Эрон ба Тоҷикистони мубтанӣ бар эҳтиром мутақобил будааст, афзуд, нахустин сафари хориҷии оқои Раисӣ бо сафар ба Тоҷикистон рақам хурд ва ин масъалаи нишондиҳанда ҷойгоҳу аҳамияти Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Эрон аст.
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои низомиро густариш медиҳанд
Вазири дифои Эрон дар бахши дигари суханони худ бо тақдир аз ҳимоятҳои давлати Тоҷикистон дар узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, гуфт: равандҳо ва таҳаввулоти ҷаҳонӣ бисёр пуршитобу амниятӣ шудааст; бар ҳамин асос шоҳиди рақобатҳои геосиёсӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва осори он дар манотиқи ҷуғрофиёии мухталиф ҳастем ва муътақидем минтақаи Осиёи Марказӣ ба унвони яке аз манотиқи роҳбурдии ҷаҳон ба маҳалле барои рақобатҳои геосиёсии кишварҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ табдил шудааст.
Оштиёнӣ бо баёни ин ки қудратҳои фароминтақаӣ бо истифода аз зарфияти кишварҳои минтақа ба дунболи манофе худ ҳастанд гуфт, дар ин миён Эрону Тоҷикистон бо такя ва пуштвонаи сиёсии иштирокоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва таърихӣ бояд зимни анҷоми ройзаниҳои мудовим барои барқарории амният дар минтақа, нисбат ба таҳкими равобит дар абъоди мухталиф иҳтимом дошта бошанд.
Вазири дифо бо таъкӣд бар ҳифзи сулҳу саботи амнияти минтақа гуфт, Эрон ҳамвора аз тамомияти арзии Тоҷикистон ҳимоят мекунад.
Вазири дифои Эрон бо ишора ба мавзуи Афғонистон ба унвони як дағдағаи муштарак барои ду кишвари Эрону Тоҷикистон гуфт, мушорикати кулияи ақвом дар ташкили давлати фарогир мутолибаи ҷаддии кишварҳои минтақа ва лозима амнияти аст, ки ҳануз муҳаққиқ нашудааст.
Эрон хостори густаришу амиқтари равобити илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ бо Тоҷикистон аст
Вазири дифо бо баёни инки Эрон дар чанд даҳаи гузашта ҳомӣ ва мизбони мардум Афғонистон буда ва дар ҳади тавон худ имконоти маъишатӣ, беҳдоштӣ ва омӯзиширо барои онҳо фароҳам кардааст, тасреҳ кард: дар натиҷаи таҳаввулоти ахир Эрон мизбони милюнҳо нафари атбоъи афғонистонӣ дар Эрон будааст.
Оқои Оштиёнӣ дар бахши дигари суханони худ бо ишора ба таҳаввулоти Фаластин гуфт: муътақидем амалиёти ахири размандагони фаластинии натиҷаи солҳо таҳқир, оворагӣ ва куштори кӯдакони бегуноҳ будааст.
Вазири дифо идома дод, ки ин пирӯзии бузург, ки аз замони таъсиси ин режими ғосиб кам собиқа будааст, як шикасту фазоҳати амниятӣ барои ин режим маҳсуб мешавад ва ин иқдом нишон дод ин режим шиканандатар аз таасуроте аст, ки эҷод карда ва мутаъасифона бархе кишварҳои исломӣ ҳам онро бовар карданд.
Оштиёнӣ бо ишора ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон Тоҷикистон гуфт: бисёр хушҳолем, ки дар масири эҳёу тавсеаи равобити ин ду кишвар вазоратхонаҳои дифо нақши муҳим, пешрав ва асаргузорӣ ифо кардаанд.
Вазири дифои Эрон ҳадафи вазорати дифо аз ҳамкориҳои Низомӣ ва дифоӣ бо Тоҷикистонро тақвияти бунияи дифои ин кишвар унвон кард ва гуфт : албата ин ҳамкориҳо алайҳи кишвар солисӣ нахоҳад буд.
Аз "мани" мо "мантаранд”: Худоҳофизии сафири Эрон бо мардуми Тоҷикистон - видео
Вазири дифо бо ишора ба савобиқи ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои мухталиф гуфт :хушбахтона бо имзои ин аснод, сафаҳоти ҷадидӣ ба равобити ду кишвар гушуда мешавад ва умедворам ин ҳамкориҳо дар ростои тақвияти эминати Тоҷикистон ва сулҳу саботи минтақа тадовум ёбад.
Дар ин дидори вазири дифои Тоҷикистон дар мавриди масоили марбут ба тавсеаи минтақаи ҷаҳонӣ, вазъияти феълии неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, барномаҳои иҷро шудаи тавассути ду кишвар дар чорчуби ҳамкориҳои муассири низомӣ ва тавсеаи равобити низомӣ - фаннӣ бо вазири дифои Эрони баҳсу табодул назар кард.
Гуфтанӣаст табодули иттилоот ва омӯзиш дар заминаи муборизаи муштарак бо тероризму соири мавзуъоти муртабит бо тарҳ ва чашмандоз ҳамкории низомӣ байни Тоҷикистону Эрон ба таври комил мавриди баррасӣ қарор гирифт.