Дар Тюмен барои фарзандони муҳоҷирон синфи махсус боз шудааст

Барои мактаббачагоне, ки аз кишварҳои хориҷ омадаанд, барои ба муҳити нави Русия мутобиқат кардан, дарсҳои махсус гузаронида мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар Тюмен барои хонандагоне, ки аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик омадаанд, синфи алоҳида ташкил карда шуд.
Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд.
Чунин иқдом дар муассисаи таълимии рақами 15-и шаҳр пешниҳод шудааст.
Дар ин ҷо ба бачагоне, ки забони русиро суст медонанд, ёрӣ мерасонанд, ки тезтар роҳат бо он муошират ва таҳсил кунанд.
Ба синф Кяклик Мамедов роҳбарӣ мекунад, ки тайи 5 сол боз ҳамчун муаллими забон ва адабиёти рус кор мекунад.
Фарзандони паноҳҷӯёни афғон дар Душанбе забони русӣ меомӯзанд
Ба синфи ӯ 60 нафар мактаббачагонро шомил кардаанд, ки ҳамаашон аз кишварҳои хориҷи дуру наздик ба ин шаҳри Русия кӯчидаанд.
Ба гуфтаи вай, кӯдакон аз тарси иштибоҳ дар аввал аз забони русӣ метарсанд.
Дар ин ҷо барои тезтар мутобиқ кардани бачаҳо машғулиятҳои махсус гузаронда, онҳо ба машғулиятҳои беруназсинфӣ чалб карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Русия чанд сол боз ба хотири маъруфияти забони русӣ дар хориҷ аз кишвар барномаи “Муаллими рус дар хориҷа”-ро роҳандозӣ мекунад.
Ҳамин тариқ, дар соли хониши 2023-2024 дар доираи лоиҳа аз Федератсияи Русия 66 омӯзгор ба Тоҷикистон омадаанд.