ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон-2023" аз 26 то 29 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар додааст.
"Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ намоиши дастовардҳо дар самтҳои гуногуни истеҳсолӣ, муаррифии маҳсулот ва хизматрасониҳои нав барои тавсеаи фаъолияти иқтисодии хориҷии ширкатҳо ва ҷалби сармоягузорон мебошад", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳои пешрафта на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз Русия, Белорус, Покистон ва Чин низ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Азбаски намоишгоҳ васеъ аст, дар он ширкатҳо аз соҳаҳои тамоман гуногуни фаъолият иштирок карда метавонанд.
Дафтари матбуот таъкид кард, ки чорабинӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати кишвар баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар Данғара намоишгоҳи байнулмилалии боғдорӣ баргузор шуд, ки дар он мақомоти Туркия ширкат доштанд.