ДУШАНБЕ, 16 окт— Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони Тоҷикистон вохӯрии навбатии роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев баргузор гардид.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот роҳбарони ҳайатҳо аз рафти иҷрои тавофуқҳои ду ҷониб оид ба аломатгузории гузариши хати лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҳамчунин ба гурӯҳи кории топографӣ ва гурӯҳи кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ба хотири ҷоннок намудани кор ва ҳалли тамоми масъалаҳои мавҷудаи наздисарҳадӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Генерал Ятимов ва Тошиев бо натиҷагирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бори дигар муҳиммияти имзои Протоколи №44 аз 2-юми октябри соли 2023-ро вобаста ба амалӣ намудани масъалаҳои ҷорӣ ва суръат бахшидани раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таъкид намуда, барои татбиқи таъхирнопазири бандҳои он изҳори омодагӣ намуданд.
Қайд карда шудааст, ки ҷаласа дар фазои дӯстона ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.