Натаняҳу аз пирӯзӣ бар Ҳамос гуфту ба Эрон ҳушдор дод

Ҳамлаи ногаҳонии Ҳамос ба Исроил суолҳои зиёдеро ба миён овард, изҳор дошт нахуствазири кишвар ва афзуд, ки пирӯзӣ дар ин даргирӣ вақт хоҳад гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт— Sputnik. Мақомоти Исроил шароити ҳамлаи ногаҳонии Ҳамос ба Исроилро комилан таҳқиқ мекунанд.
Ин нуктаро нахуствазири Исроил, Бинёмин Нетаняҳу дар ҷаласаи парлумон баён дошта, таъкид кардааст, ки бояд ба ҳамаи суолҳо посух дода шавад.
"Оид ба фоҷеаи даҳ рӯз қабл саволҳои зиёд вуҷуд доранд. Сабабҳои фоҷиа таҳқиқ мешаванд, аммо ҳоло вақти ваҳдат аст ва мо аллакай дарс гирифтаем. Мо ба ҳама саволҳо посух хоҳем дод", - гуфт ӯ.
Эрон гуфт, кай ҷанг бо Исроилро оғоз хоҳад кард
Вай афзуд, ки муқовимат бо Ҳамос дар навори Ғазза "вақтро талаб хоҳад кард" ва барои ба даст овардани пирӯзӣ "қатъият ва омодагӣ ба худфидоӣ" лозим аст.
Нетаняҳу ҳамчунин ба Эрон ва ҷунбиши шиаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳушдор дод, ки Исроил ба ҳама гуна ҳамлаҳо вокуниши ногузир нишон хоҳад дод.
Маврид ба зикр аст, ки Исроил 7 октябр мавриди ҳамлаи мушакии Ҳамос қарор гирифта, гуруҳҳои мусаллаҳ ба қаламраваш ворид гардиданд. Дар натиҷа артиши Исроил низ ҷавоб дод.
Мақомоти Исроил ва Фаластин мегӯянд, дар пайи танишҳои охир ҳазорҳо нафар аз ҳарду тараф кушта ва маҷруҳ гардиданд.