Исроил оташбаси башардӯстона барои навори Ғаззаро эълон кард

Оташбаси муваққатӣ ба бархе аз сокинони навори Ғазза имкон медиҳад, ки қаламравро тарк кунанд ва кумакҳои башардӯстона низ иҷоза дода шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Исроил қасд дорад дар ҷануби навори Ғазза оташбаси муваққати башардӯстона ҷорӣ кунад.
Дар ин бора шабакаи телевизионии i24 хабар дод.
Интизор меравад, ки хомӯшӣ соати 9 пагоҳӣ ба вақти Маскав оғоз шавад. Ин режим 5 соат давом мекунад.
Ин оташбаси муваққатӣ ба бархе аз сокинони навори Ғазза имкон медиҳад, ки қаламравро тарк кунанд.
Шаҳрвандон метавонанд тавассути гузаргоҳи сарҳадии "Рафаҳ" ба Миср паноҳ баранд.
Илова бар ин, интиқоли кумакҳои башардӯстона ба ин минтақа иҷоза дода мешавад.
Муҳриддин Исроилу Фаластинро ба оташбас даъват кард
Ёдовар мешавем, ки шаби 7 октябр ба манотиқи таҳти ишғоли Исроил аз навори Ғазза мушакҳо партоб карда шуд.
Ҳамин тариқ, ҷунбиши "Ҳамос"-и Фаластин амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард.
Бар асоси охирин маълумот, шумори қурбониён дар навори Ғазза аз 2 ҳазор нафар гузаштааст. Исроил аз марги беш аз ҳазорҳо хабар дод. Аз ҳарду ҷониб чанд ҳазор нафар шаҳрвандон низ маҷрӯҳ шуданд.