ДУШАНБЕ, 15 окт— Sputnik. Шермуҳаммад Аббос Станакзай, узви аршад ва муовини сиёсии вазорати умури хориҷаи ҳукумати толибон* мегуяд ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ аз кишварҳои ҳамсоя шиддат ёфтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи вай кишварҳои ҳамсоя аз муҳоҷирони афғонистонӣ ба унвони абзори фишор бар ҳукумати ин гурӯҳ истифода мекунанд.
Вай ҳамчунон гуфтааст, ки муҳоҷирони афғонистонӣ бо вуҷуд доштани асноди қонунӣ аз Покистон ихроҷ мешаванд.
Ба гуфта вай "ин амалро ки онҳо анҷом медиҳанд, хилофи протокол ва қарордоде аст, ки миёни Афғонистон ва Покистон имзо шудааст”.
“Дар он барнома гуфта шуда буд, ки афғонҳо ҳар замоне, ки бихоҳанд ба дили худ метавонанд ба Афғонистон баргарданд, на ба зуру фишор, аммо шумо мебинед, ки ин ба унвони фишор истеъмол мешаванд", қайд кард оқои Станакзай.
Дар ҳамин ҳол, вазорати сарҳаддоти Покистон ахиран бо пахши хабарномае гуфт, ки афғонҳое, ки дар Покистони дорои корти иқомат ҳастанд, метавонанд барои муддати кӯтоҳе дар Покистон бимонанд ва пулис ҳақи боздошт ва ихроҷи онҳоро надорад.
Толибон* — ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ аст.