ДУШАНБЕ, 15 окт— Sputnik. Ахиран раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар мулоқот бо раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан масъалаи боз ҳам тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ мулоқоти мазкур дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш сурат гирифт.
Зимни вохӯрӣ раиси Бонки миллӣ аз ҳамкории судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки муносибатҳои кишварҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт рӯз то рӯз инкишоф меёбанд.
“Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан низ сатҳи хуби ҳамкориҳои дуҷонибаро қайд намуда, барои боз ҳам тавсеа бахшидани онҳо, аз ҷумла дар самти устувории низоми бонкии Тоҷикистон омодагии хешро иброз дошт”, - иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти БМТ.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин ҷонибҳо имконияти идомаи ҳамкориро дар самти баланд бардоштани иқтидори кормандони Бонки миллӣ дар бахшҳои идоракунии хавфҳои амалиётӣ ва ҳисобдорӣ, ташкили сафари мутахассисони Бонки миллии Швейтсария ба Душанбе дар соли оянда барои гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ ва машваратҳо баррасӣ карданд.
Дар фарҷоми мулоқот тарафҳо бори дигар барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд омодагии худро баён доштанд.