ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Пули Қрим 18 рӯз пеш аз мӯҳлат пурра барқарор карда шуд ва ҳаракати нақлиёт дар тамоми чаҳор хатти ҳаракат боз шудааст.
Дар ин бора муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин дар сафҳаи иҷтимоии худ хабар дод.
Дар ин бора муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин дар сафҳаи иҷтимоии худ хабар дод.
"Хабари хуш аз росозон" 18 рӯз қабл аз муҳлат пули Қрим пурра барқарор ва ҳаракати нақлиёт дар тамоми чор роҳ куода шуд" Ҳамаи корҳо на камтар аз се моҳ давом кард", - изҳор намуд Ҳуснуллин.
Ёдовар мешавем, ки шаби 17 июл мақомоти Киев бо ду ҳавопаймои бидуни сарнишини рӯизаминӣ ба пули Қрим ҳамла карданд.
Кумитаи тафтишот дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи "Амали террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.
Бар асари таркиш қисми роҳи пул осеб дида, як духтар ҷароҳат бардошта, волидонаш кушта шуданд.
Зимнан, 14 сентябр аз тарафи чапи пул ҳаракати нақлиёт ба роҳ монда шд ва барои иваз кардани фосилаи аввали вайроншуда пули муваққати коргарӣ сохта шуд.
Ҳуснуллин он замон хабар дод, ки то 1 ноябр пули Қрим пурра бояд ба истифода дода шавад.