ДУШАНБЕ, 14 окт— Sputnik. Мақомоти кунунии Афғонистон пас аз заминларзаи маргбори рӯзи 7 октябр аз қабули кумакҳои башардӯстона аз Покистон худдорӣ карданд.
Дар ин бора рӯзномаи покистонии The Express Tribune хабар додааст.
Дар мақола қайд мешавад, ки Исломобод мехост ба маблакати замсоя гурӯҳи наҷотбахшон ва ҳамчунин кумаки башардӯстона фиристанд, вале ҳукумати Кобул бо намояндагони "Толибон"* ирсоли кумак иҷозат надоданд
"Ҳарчанд ҳеҷ кадоме аз тарафҳо дар бораи вазъ тавзеҳи расмӣ надодаанд, аммо эҳтимолан танишҳои байни ду кишвар сабаби аслии рад шудани кумакҳо бошад", - менависад рӯзнома.
Ба гуфтаи муаллифони нашрия, омили дигари даст кашидани Кобул аз кумакҳои Покистон ин баробар тақсим карда натавонистани кумакҳои ирсолшуда аз кишварҳои дигар миёни зарардидагон бошад.
Нашрия таъкид мекунад, ки вазъи мавҷуда метавонад равобити бе ин ҳам муташанниҷи миёни кишварҳоро боз ҳам бадтар гардонад.
Илова бар ин, Покистон ахиран аз ихроҷи як миллион муҳоҷири ғайриқонунии афғон хабар дод, ки ба бесуботии равобити Афғонистону Покистон низ асар гузошт.
* Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
* Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад