Давоми як ҳафта: нархи гази моеъ дар Тоҷикистон марзи 7 сомониро убур кард

Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд болоравии нархи гази моеъ бахши аъзами на танҳо ронандагон балки сокинонро нигарон кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Дар шаҳру навоҳии қимати гази моеъ дар ҳафтаи охир беист тағйир ёфта марзи 7 сомониро убур кардааст.
Бино ба мушоҳидаҳо ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд нархи гази моеъ ба 6,9 – 7, 2 сомонӣ баланд шудааст.
Сокинон мегуянд, дар дигар шаҳру навоҳии кишвар нархи газ аз ин ҳам баландтар буда то 7, 4 сомонӣ дакка задааст.
Мақсуд Иброҳимов, роҳбари яке аз ширкатҳои НФС дар Хуҷанд зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки болоравии нархи газ аз ширкатҳои воридкунандаи он вобаста аст.

“Як ҳафта пеш ширкатҳои яклухтфурӯшӣ 1 кило гази моеъро бо 12 сомонӣ дастрас мекарданд, ҳоло нарх 13,4 сомонӣ аст ва бо он ҳам пайдо кардани он душвор шудааст” – изҳор намуд, роҳбари НФС.

Ин мусоҳиби мо изҳор намуд, ки дар баробари поён шудани нархи яклухти мол, қимати чаканаи он ҳам ба таври табиӣ арзон меравад.
Нархи гази моеъ дар Хуҷанд боло рафт: сабаб дар чист?
Аммо, ҳоло баландшавии нарх на танҳо ронандагон балки ҳатто худи чаканафурӯшони маводи сӯхтро нигарон кардааст.
Як фурӯшандаи мавди сӯхт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ки аз ҳисоби баландшавии нарх шумори муштариёнаш коҳиш ёфтаанд.
“Болоравии нарх ба ҷайби ронандагон таъсир мерасонад. Ҳоло суръати савдо хеле суст шудааст” – изҳор намуд, ӯ.
Таҳлилҳо собит намудаанд, ки ҳамасола бо поён шудани сол арзиши маводи сӯхт баланд мешавад. Аммо нархи мавҷуда дар муқоиса ба соли қаблӣ баландтар гуфта мешавад.
Соли пеш дар ин шабурӯз гази моеъ бо нархи 6,5 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешуд.