Тағйироти кадрӣ дар Хатлон

Дар сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, аз ҷумла дар дастгоҳи раиси вилоят ва дастгоҳи роҳбарони навоҳӣ тағйироти кадрӣ амалӣ шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳашро иваз кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, бо қарори раиси вилоят ба вазифаи мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят Ҷаҳонгир Рустамшоҳ таъйин гардид.
Ҷаҳонгиршоҳ то ҳол хабарнигори рӯзномаи "Хатлон" дар гуруҳи шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб буда, аълочии матбуот ва номзади илмҳои филологӣ муаррифӣ гардидааст.
Ҷаҳонгир Рустамшоҳ дар мақоми мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Баҳром Мировро иваз намудааст.
Тасдиқи тағйироти кадрӣ ва созишнома бо Русия дар парлумони Тоҷикистон
Миров баъди барканорӣ аз вазифаи мудири шуъба дар дастгоҳи раиси Хатлон дар мувофиқа бо Давлаталӣ Саид ба вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Қубодиён таъйин шудаст.
Миров дар мансаби мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон аз соли 2021 то ҳол фаъолият дошт.
Қабл аз ӯ дар ин вазифа рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, Носирҷон Маъмурзода фаъолият дошт, ки моҳи апрели соли 2021 ба мақоми сармуҳаррири рӯзномаи "Хатлон" - нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъйин гардид.