ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки кишвараш муносибатҳои таърихан мустаҳкам ва дӯстона бо шарикони ИДМ-ро қадр мекунад.
"Мехоҳам таъкид намоям, ки Русия муносибатҳои таърихан қавӣ, дӯстона ва воқеан эътимоднокро бо шарикони ИДМ самимона қадр мекунад", - гуфт Путин дар нишасти сарони ИДМ.
Раисиҷумҳури Русия афзуд, дар навбати худ, Русия дар соли оянда ба ҳайси раиси ИДМ барои амиқтар шудани ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд дар сатҳи ҷаҳонӣ талош хоҳад кард.
"Дар бораи авлавиятҳои мушаххаси раёсати мо дар ҳайати васеъ муфассалтар сӯҳбат хоҳам кард, аммо албатта мо кореро, ки таҳти раёсати Қирғизистон анҷом дода шуд, идома медиҳем”, — гуфт у.
Ҳамчунин раисҷумҳури Русия қайд кард, ки ҳаҷми ҳамлу нақли бор дар кишварҳои ИДМ ҳафт дарсад афзоиш ёфтааст.
"Дар ИДМ ҳаҷми ҳамлу нақли бор 7% афзоиш ёфт", гуфт Путин дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ.
Вай афзуд, дар кишварҳои ИДМ бояд фаъолияти зерсохтори нақлиётӣ, аз ҷумла шабакаи роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгардро тақвият дод. Раҳбари Русия таъкид кард, ки ахиран ин масоилро бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон баррасӣ кардааст.
"Ин ҳама дорои аҳамияти ҷиддӣ ва на танҳо минтақавӣ нест, балки байналмилалӣ аст ва бешубҳа ин раванд, ба рушди иқтисод дар маҷмӯъ мусоидат хоҳад кард", гуфт президенти Русия.