Маълум шуд, ки мақомот ба ихтироъкорону соҳибкорон чӣ қадар ҳуҷҷатҳои ҳифозатӣ додааст

Ахиран вакилони парлумони Тоҷикистон қабули лоиҳаи Қонун "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни кишвар "Дар бораи ихтироъ"-ро якдилона дастгирӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт— Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни суханрониаш дар парлумон қайд кардааст, ки дар 32 соли соҳибистиқлолии кишвар 17586 адад ҳуҷҷатҳои ҳифозатӣ ба ихтироъкорону соҳибкорон дода шудааст.
“Аз ҷумла 15556 адад шаҳодатномаи тамғаҳои молӣ, 1417 адад нахустпатент, 508 адад патент ба ихтироъ ва 105 адад патент ба намунаҳои саноатӣ”, - таъкид дошт Завқизода.
Ёдовари мешавем, ки ахиран дар парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни кишвар "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонун "Дар бораи ихтироъ" қабул гардид
Дар ҷаласаи навбатии парлумон, лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи ихтироъ" баррасӣ гардид.
Раҳмон зери чанд қонун имзо гузошт
Завқӣ Завқизода дар парлумон лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонун "Дар бораи ихтироъ" – ро муаррифӣ кард ва қайд кард, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади мутобиқ намудан бо Қонунҳои кишвар "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", "Дар бораи боҷи давлатӣ" ва "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" таҳия гардид.
Зикр гардид, ки ин лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон бо қарори ҳукумати Тоҷикистон маъқул дониста шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ манзур гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабули лоиҳаи Қонун "Дар бораи ихтироъ"-ро якдилона дастгирӣ намуданд.