ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Тайи 9 моҳ нозирони Кумитаи давлатии идораи замин ва мақомоти он дар маҳал ҳамагӣ наздики 10,7 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор кардаанд.
Ин нукта дар ҷаласаи ҷамъбастиии фаъолияти нуҳмоҳа зикр гардида, таъкид шуд, ки барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида наздики 9,5 ҳазор дастур дода шуд.
Кумитаи давлатии идораи замин замин афзуд, ки нисбати зиёда аз 9,2 ҳазор ҳолат парвандаи мамурӣ тартиб дода шуд.
Манбаъ афзуд, ки барои додани баҳои ҳуқуқӣ бошад зиёда аз 700 мавод ба прокуратура қариб 500 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол гардид.
Таъкид гардидаст, ки ба 2 қарори раиси ноҳияи Ёвон ва 2 қарори раиси ноҳияи Панҷ бинобар сабаби ғайриқонунӣ буданаш пешниҳод манзур гардида, қарорҳои ғариқонунӣ қабулшуда бекор ва ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ гардиданд.
Манбаъ афзуд, ки дар умум давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони Кумитаи давлатӣ 13 ҳолати қабули қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо ошкор шудаанд.
Илова гардид, ки чунин қарорҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби раисони Хуҷанд, Варзоб, Кушониён, Панҷ, Ёвон ва Варзоб вобаста ба замин ошкор шуда, барои бекор намудани онҳо ва ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ намудани онҳо пешниҳодҳои дахлдор ирсол гардид.