ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳангоми имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2023 риояи қонунгузорӣ санҷиш гузаронида шуд.
Дар ин бора зимни ҷаласае, ки дар Маркази миллии тестии назди президенти кишвар баргузор шуд, иттилоъ дод.
Дар ҷаласа намояндаи Раёсати назорати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ноболиғон ва ҷавонони Додситонии кулли Тоҷикистон ширкат дошт. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар маъракаи қабули соли ҷорӣ риоя ва иҷрои талаботи тартиби имтиҳонҳоро санҷиданд.
Ба масъалаҳои додани имтиёзҳо ба гурӯҳҳои гуногуни довталабон, ҷамъбасти тақсими довталабон ба коллеҷҳо ва донишгоҳҳои олӣ, инчунин тартиби пешниҳод кардан ва баррасии аризаҳои шикоятӣ диққати махсус дода шуд.
Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки ягон ҳуқуқвайронкуни ба қайд гирифта нашудааст ва фаъолияти марказ тибқи қонунгузорӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, роҳбарият ба як қатор камбудиҳо, бахусус, нокифоя будани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ байни довталабон ва волидони онҳо, хатогиҳо дар таҳияи ҳуҷҷатҳои алоҳида қайд карда шуд.