Ҳалокати шаш нафару 7,5 млн сомонӣ зарар: асароти расида аз офатҳои табиӣ дар Суғд

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд зимни ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа изҳор доштанд, ки дар вилоят бар асари офтаҳои табиӣ дастикам шаш нафар ҷон бохтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Офатҳои табиӣ дар зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷони 9 нафарро гирифтанд.
Дар ин бора мақомоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд зимни ҷамбасти фаъолияти нуҳмоҳаи ин ниҳод иттилоъ доданд.
Диловар Ҳамдамов, масъули кор бо матбуоти ин ниҳод дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 7 ҳодисаи фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 6 нафар ба ҳалокат расидаанд.
"Яке аз ин ҳодисаҳои мудҳиш фаромадани тарма дар ҳудуди ноҳияи ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар километри 157, 4 шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ аст, ки дар натиҷаи он 5 нафар ба ҳалокат расида, як нафар ҷароҳат бордошт”, - изҳор намуд Ҳамдамов.
Манбаъ афзуд, ки ҳодисаи дигари маргбор дар ноҳияи Деваштич рух дода буд. Дар ин ноҳияи бар асари боришоти зиёди борону жола ва пур шудани оби зиёд таҳкурсии девори мактаби рақами №24 ба рӯи сокини 21-сола фурӯ рехт, ки боиси маргаш шуд.
Бино ба иттилои манбаъ як ҳодисаи маргбор дар натиҷаи боридани борону жола дар ноҳияи Деваштич рух додааст.
Қурбониёни сел дар Тоҷикистон афзоиш ёфтанд
Селхезию заминҷунбии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз офатҳои дигари табиӣ мебошанд, ки Раёсати КҲФ онҳоро зикр кард.
Бар асари ин ҳодисаҳо чандин иншооту биноҳо хароб гардида, замини корам корношаям шуд ва чорвои зиёди мардум ҳам талаф ёфт.
Тибқи иттилоъи мақомот маблағи умумии зарари расида бар асари офатҳои табиӣ дар ин давра 7,5 млн сомонӣ ҳисоб шудааст.
Ин дар ҳолест, ки як сол қабл дар ҳамин давра 12 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 2 нафар ҳалок ва 7.5 млн сомонӣ зарар оварда буд.