Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия дар як рӯз се анбори бузурги аслиҳаи артиши Украинаро нобуд карданд

Вазорати дифои Русия ахиран эълон кард, ки артиши кишвар анборҳои аслиҳаи артиши Украина дар минтақаи Измаил ва фурудгоҳҳои Миргород ва Днепр нобуд кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт— Sputnik. Тайи 24 соати гузашта артиши Русия ба анборҳои аслиҳа ва муҳимоти нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар вилоятҳои Полтава, Днепропетровск ва Одесса зарба зада нобуд карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати дифои Русия ахиран хабар додааст.
“Дар фурудгоҳҳои “Миргород”-и вилояти Полтава ва “Днепр”-и вилояти Днепропетровск анборҳои аслиҳаи авиатсионии нерӯҳои ҳавоии Украина нобуд карда шуданд.дар минтақаи шаҳри Измаили вилояти Одесса анбори таҷҳизоти низомии артиши Украина нобуд карда шуд”, - қайд кардааст вазорати дифоъ.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
41 ҳавопаймои бесарнишини украинӣ ва чаҳор снаряди HIMARS дар як рӯз нобуд шуд
Ёдовари мекунем, ки нерӯҳои украинӣ моҳи панҷум аст, ки дар самтҳои Южнодонетск, Артемовск ва Запороже амалиёти ҷавобӣ анҷом дода, ба бригадаҳои ҷангие, ки НАТО тамрин кардаанд ва бо таҷҳизоти хориҷӣ мусаллаҳ шудаанд, партоб мекунанд.
Рӯзи панҷшанбе Владимир Путин гуфт, ки аз 4 июн нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 90 ҳазор нафар, 557 танк ва қариб 1900 мошини зиреҳпӯшро талаф додаанд.