Вазорати кишоварзӣ дар Хатлону Суғд намоиши чорвои зотӣ баргузор мекунад

Интизор меравад моҳи ноябр дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ҳамзамон дар шаҳри Ваҳдат намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ сурат гирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ сурат мегирад. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкур моҳи ноябр баргузор мешавад.
"Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ 4 ноябр дар вилояти Хатлон, 11 ноябр дар вилояти Суғд ва 18 ноябр дар шаҳри Ваҳдат доир мегардад", - омадааст дар хабрномаи Вазорати кишоварзӣ.
Манбаъ меафзояд, мақсад аз баргузор кардани ин чорабинӣ, афзун намудани саршумори чорвои зотӣ ва рушди ин соҳа мебошад.
Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон ба ҳолати 1 май дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2,5 млн сар чорвои калон мавҷуд аст, ки аз миён 1,3 млн модаго. 6 млн сар гӯсфанду буд ва 85 ҳазор сар асп ташкил медиҳад.
Эълони саршумори буз, гӯсфанд ва гов дар Суғд
Дар идома Вазорати кишоварзӣ иттилоъ дод, ки дар ин давра 64822 тон гӯшт ва 258101 тон шир истеҳсол шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июн ин ниҳод дар шаҳри Ваҳдат чунин фестивал баргузор карда буд.