ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ширкати русии "Парус Электро" ва "Малика ТИБ" - и Тоҷикистон азм доранд дар Душанбе истгоҳҳои барқдиҳӣ барои мошин ва автобусҳои барқиро месозанд.
Дар ин бора Намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, барои амалӣ намудани ин тарҳ аллакай мулоқоти намояндагони "Парус Электро" ва "Малика ТИБ" сурат гирифт.
Манбаъ афзуд, ки дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе- 2023 ширкати "Парус Электро" ва "Малика ТИБ" як тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд ва ба мувофиқа расиданд, ки дар пойтахти Тоҷикистон истгоҳҳои барқдиҳанда барои мошинҳо ва автобусҳои барқӣ кушоянд.
Малика Мадалиева, роҳбари ин ширкат зимни мулоқот бо роҳбари намояндагии тиҷорати русия дар Тоҷикистон дар мавриди тавофуқи ҳосилшуда барои тавлиди истгоҳҳо хабар дода, гуфт, дар ояндаи наздик мақсад дорад барои остгоҳҳои барқт маркази хизматрасонӣ кушояд.
Гуфта мешавад, Евгений Коренков, роҳбари намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон омодагии худро барои мусоидат дар татбиқи ин лоиҳа изҳор дошт ва муҳим будани бунёди чунин корхонаҳоро барои рушди на танҳо инфрасохтори шаҳр, балки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни кишварҳо қайд кард.