Осиёи Марказӣ ба мушкилоти иқлим боз ҳам бештар таваҷҷӯҳ мекунад

Дар Душанбе роҳбари Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мудири нави шӯъбаи Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ мулоқот кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар Душанбе созишнома дар бораи иҷрои тарҳи ҳамкориҳои фаннӣ дар чаҳорчӯби барномаи минтақавии “Идоракунии хатарҳои иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ” ба имзо расид.
Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи ин барнома беҳбуди иқлими фаромарзӣ ва идоракунии хатари офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Муҳриддин бо намояндаи президенти Русия масоили иқлимро баррасӣ кард
Илова бар ин, раиси кумита Баҳодур Шерализода бо мудири нави шӯъбаи Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ оид ба Балкани Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ мулоқот кардааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Кумита ва GIZ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.