ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри дар Хуҷанд маводи сӯхт намерасад. Дар ин бора мудири як нуқтаи фурӯши сӯзишвории шаҳр ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт.
Зикр гардид, ки ҳаҷми содирот ба ҷумҳурӣ кам шудааст.
"Дар пойгоҳҳои истихроҷи гази Қазоқистон ва Русия ба далели таъмир қатъи корҳо ба мушоҳида мерасад", - гуфт раиси нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба камчин будани маводи сӯхт, гароншавии он ба назар мерасад.
Қаблан низ дар вилояти Суғд гароншавии маводи сӯзишворӣ ба амал омад.
Дар таблоҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории автомобилии шаҳри Хуҷанд 1 литр гази моеъ бо қимати 6,60-6,70 сомонӣ фурӯхта мешавад, дар ҳоле ки ду рӯз қабл нархаш 6,20 то 6,30 сомонӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки ронандагони тоҷик беш аз 60% маҳз гази моеъро истифода мебаранд.
Болоравии нархи он албатта ба тағйир ёфтани нархи роҳкиро дар таксӣ ва мошинҳои мусофирбар дар шаҳру навоҳии Суғд таъсир мерасанад.