ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Гурӯҳи наҷотбахшони қазоқ аз Алмаато ба Афғонистон, ки аз заминларза осеб дидааст, парвоз карданд.
Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон хабар дод.
"Наҷотдиҳандагони вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон барои мусоидат ба рафъи оқибатҳои заминларза ба Афғонистон фиристода шуданд", - иттилоъ додааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳ, муҷаҳҳаз ба таҷҳизоти лозим барои кумак ба зилзилазадагон аст, иттилоъ додааст.
Ин вазорат тавзеҳ додааст, ки барои анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотӣ як гурӯҳи иборат аз 45 нафарӣ, аз ҷумла наҷотдиҳандагон, гурӯҳҳои кинологӣ, табибон ва пизишкони Маркази тиббии офатҳои табиӣ ба Афғонистон фиристода шудааст.
Қаблан раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дастур дод, ки ба Афғонистон кумаки башардӯстона расонида шавад ва як гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба манотиқи осебдидаи ин кишвар фиристода шаванд.
Замини ларзае ба бузургии 6/3и риштери рӯзи шанбе дар 40 километрии шимоли ғарби шаҳри Ҳирот рух дод.
Теъдоди куштаҳо ва захмиҳои ин ҳодиса токунун наздик ба чаҳор ҳазор нафар расидааст.