Артиши Исроил ба хонаи фармондеҳи Ҳамос ҳамла кард

Нерӯҳои мусаллаҳи Исроил ба манзили фармондеҳи бригадаи "Ал-Қасам Ад-Дейф дар Ғазза ҳамла карданд. Дар бораи сарнавишти худи фармондеҳ чизе гуфта нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Нерӯҳои дифои Исроил ба манзили фармондеҳи бахши низомии созмони "Ал-Қассам" -и Ҳамос Муҳаммад Ад-Дейф ҳамла намуданд, ки дар натиҷа пайвандони ӯ кушта шуданд, хабар медиҳад "РИА Новости" бо истинод ба рӯзномаи Haaretz.
"Нерӯҳои дифои Исроил ба манзили фармондеҳи низомии Ҳамос Муҳаммад Ад-Дейф дар Хон Юнис ҳамла карда, падар, бародар, фарзандон ва дигар хешовандони ӯро куштанд", - менависад рӯзнома.
Дар бораи сарнавишти худи фармондеҳ маълумоте нест. Исроилиён ӯро яке аз террористҳои асосӣ, фаластиниҳо ӯро муборизи афсонавии роҳи озодии мардум медонанд.
Эҳтимол меравад, нерӯҳои амниятии Исроил борҳо кӯшиши куштани фармондеҳро доштанд. Дар натиҷа ӯ шадидан ҷароҳат бардошта, як чашму дасташро аз даст дод, вале ҳар дафъа ба ӯ муяссар шуд, ки зинда монад.
Маврид ба зикр аст, ки субҳи 7 октябр Исроилро навори Ғазза мушакборон кард. Ҳамин тариқ, ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард, гуруҳе аз ҷангиёни вориди ин кишвар шуданд.
Зарбаҳои даҳшатнок: Артиши Исроил ҳамлаи густарда ба мавзеъҳои ҲАМОС-ро нишон дод - видео
Ҳамос иддао кард, ки садҳо сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва гуфтааст, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи захираҳо дастур додааст.
Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.
Маскав аз ҳарду ҷониб даъват намуд, ки аз истифодаи зӯроварию хушунат худдорӣ намоянду сари мизи музокирот нишинанд.