Транзити ҳавоӣ аз тариқи Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия" дар нуҳ моҳи соли равон ба наздики 38 ҳазор киштии ҳавопаймоӣ хизмат расондааст, ки нисбати соли қаблӣ зиёд аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Парвозҳои транзитӣ аз тариқи Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 11% зиёд шудаст.
Дар ин бора "Тоҷикаэронавигатсия" дар ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳааш иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, тайи ин муддат ба қариби 19 ҳазор парвози транзитӣ хидматрасонӣ шудааст.
Аз дастовардҳои дигар, беҳбуди пешгӯиҳо арзёбӣ шудааст. Аз ҷумла Маркази авиатсионии метеорологӣ дараҷаи салоҳияти нишондиҳандаҳои пешгӯиро дар ин давра ба 93,4% расондаст.
Кожошев самтҳои асосии рушди нақлиёт дар ИИАО-ро эълон кард
Роҳбарияти "Тоҷикаэронавигатсия" таъкид намудаст, ки таҷҳизоти ҷадидро насб карда, бархе аз онро таҷдид кардаанд, ки он ба таъмини амнияти парвози киштиҳои ҳавопаймоӣ дар ҳудуди кишвар мусоидат менамояд.
Илова гардид, ки бо мақсади ба роҳ мондани хати нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин машварати муштараки ҳайати ду кишвар дар Пекин баргузор гардидаст. Ташкили вохӯрии навбатӣ моҳи декабр дарДушанбе пешбинӣ шудааст.
Роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба "Тоҷикаэронавигатсия" дастур додаст, ки таваҷҷуҳи махсусро ба раванди муосиркунонии таҷҳизот, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ, омода намудани мутахассисони соҳа ва рушди ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ равона созад.