ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тамос бо ИМА дар робита ба шиддат гирифтани вазъияти дар Шарқи Наздик, дар сурати зоҳир шудани алоқамандӣ, имконпазир аст.
Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков изҳор дошта, афзуд, ки то ҳол дар ин масъала бо ИМА робитае сурат нагирифтааст.
"Аммо онҳо имконпазиранд, агар ҳарду ҷониб таваҷҷӯҳ дошта бошанд", - таъкид намуд ноиби вазири корҳои хориҷии Русия.
Илова бар ин, Рябков ҳушдлор дод, ки хатари авҷгирии бештар дар минтақаи низои Фаластину Исроил вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, Маскав бо ҳарду ҷонибҳо робитаи зич дорад.
"Мо аз мавқеи вазорати корҳои хориҷӣ таъкид намудем, ки раванди солҳои охир талошҳои танзими дудавлатии низои Фаластину Исроилро ба нобудӣ бурд", - гуфт ӯ.
Дар хотима дипломат қайд кард, ки дар минтақа хатари бесуботӣ вуҷуд дорад.
Маврид ба зикр аст, ки низоъ дар Фаластину Исроил 7 октябр шиддат гирифта, то ҳол ҷонибҳо аз кушта ва маҷруҳ шудани ҳазорҳо нафар аз ҳарду ҷониби гузориш доданд. Маскав ҳарду тарафро ба оташбасу ҳалли қазия тариқи музокирот даъват намуд.