ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ахиран дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон масълаи рушди соҳибкорӣ дар давоми нуҳ моҳи соли равон баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода дар ин ҷаласа қайд кард, ки дар дар вилоят соҳибкорӣ рушд ёфта, ба ҳолати 1 октябри соли 2023 шумораи соҳибкорон ба 108 ҳазор нафар расидааст.
Ба гуфтаи вай дар ин давра аз ҳисоби патенту шаҳоддатномаҳо ба буҷети шаҳру ноҳияҳо 81,5 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати вилояти Хатлон қайд кардааст, ки дар ин давра нақшаи андоз бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,6% таъмин гардид.
“Ба буҷет 1 миллиарду 745,2 млн сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбати нақшаи тасдиқгардида 60,2 млн сомонӣ зиёд мебошад”,- зикр кардааст Акрам Сулаймонзода.
Қайд гардид, ки саҳми шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, Балҷувон, Данғара, Дӯстӣ, Шаҳритус ва Восеъ дар иҷрои нақшаи андозҳо чашмрас буда, масъулини ин шаҳру ноҳияҳо нақшаи қисми даромади буҷетро сари вақт таъмин ва маблағҳои барзиёдии буҷет равона карданд.