ИМА изҳороти ғайричашмдошт дар бораи Исроил ва Украина дод

Сенатори амрикоӣ даъват намуд, ки маблағе, ки барои Украина пешбинӣ шуда буд, ҳоло бояд фавран ба Исроил дода шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар робита ба вазъи кунунии Ховари Миёна, Исроил бояд тамоми маблағҳои молиявиро, ки аслан барои Украина пешбинӣ шудааст, бигирад.
Дар ин бора сенатори амрикоӣ Ҷош Ҳовлӣ дар шабакаи иҷтимоии X изҳор дошт.
"Тамоми маблағҳо барои Украина бояд фавран ба Исроил равона карда шаванд", - гуфт ӯ.
Сиёсатмадор инчунин қайд кард, ки Исроил бо таҳдиди мавҷудият дучор шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки субҳи 7 октябр Исроилро навори Ғазза мушакборон кард. Ҳамин тариқ, ҷунбиши фаластинии Ҳамос амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" алайҳи ин кишварро эълон кард, гуруҳе аз ҷангиёни вориди ин кишвар шуданд.
Ҳамос иддао кард, ки садҳо сарбоз ва муҳоҷири исроилиро асир гирифтааст. Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) аз оғози амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар доданд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар паёме ба мардум гуфт, ки Исроил дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва гуфтааст, ки ӯ барои сафарбаркунии густурдаи захираҳо дастур додааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев гуфт, силоҳи дода ба Киев то Исроил расид
Раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар як нишасти изтирорӣ бо шуморе аз мақомоти расмӣ бар ҳаққи мардуми Фаластин барои дифоъ аз худ аз нерӯҳои исроилӣ ва муҳоҷирин таъкид кард.
Маскав аз ҳарду ҷониб даъват намуд, ки аз истифодаи зӯроварию хушунат худдорӣ намоянду сари мизи музокирот нишинанд.