Сабти рушди босуръати иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони БАОР

Таҳлилгарони Бонки АвруОсиёии рушд дар Тоҷикистон на танҳо рушди иқтисод, балки коҳиши истеҳсолотро низ дар ин кишвар ба қайд гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон рушди босуръати иқтисод ба қайд гирифта шудааст, гуфта шудааст, дар гузориши ахири Бонки АвруОсиёии рушд.
Ба иттилои таҳлилгарони ин Бонк, дар баробари болоравии соҳаи иқтисод коҳиши истеҳсолот ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамин тариқ, БАОР таъкид мекунад, ки ҷумҳурӣ динамикаи қавии талаботи дохилиро нигоҳ медорад.
"Аз рӯи натиҷаҳои моҳҳои пешин ҳаҷми фурӯши чакана дар Тоҷикистон 15,5 фоиз ва сармоягузорӣ 14,8 фоиз афзоиш ёфтааст”, - изҳор дошт бонк.
Аммо суръати афзоиши саноат ва хочагии кишлок дар мохи август то 3,8 фоиз коҳиш ёфтааст.
Аз иқтисод то фарҳангу тандурустӣ: Расулзода бо Орипов дар Тошканд чиро баррасӣ карданд
Қаблан Бонки Авруосиёии рушд эълом карда буд, ки дар моҳи август мизони таваррум дар Тоҷикистон тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст. Ин рақам аз моҳи июли соли ҷорӣ 2,3 фоиз зиёд буд.
Гуфта мешавад, ки ин афзоиш, аз ҷумла, бо афзоиши таваррум дар Русия рабт дорад. Илова бар ин, ба ин нишондиҳанда динамикаи қавии талаботи дохилӣ ва инчунин болоравии нархи ҷаҳонии энергия таъсир мерасонад.