ВУХ: Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба пайвандони кушташудагон тасаллият баён намуда, ба осебдидагони ин офати табиӣ шифои комил таманно кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон заминҷунбии Афғонистонро, ки боиси марги даҳҳо нафар гардид, тасаллият гуфт.
Дар номаи тасаллияти ин ниҳод омадааст, ки "мардуми Тоҷикистон аз заминҷунбии шадид дар Афғонистон, ки боиси марги зиёди одамон ва харобиҳо гардид, сахт андӯҳгин буда, ба мардуми ин кишвар ҳамдардӣ менамояд".
Дар идома омадааст, ки дар ин лаҳзаҳои фоҷиабор Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст.
Вазорати умури хориҷӣ ба пайвандони кулли кушташудагон ҳамдардӣ баён намуда, ба осебдидагони ин офати даҳшатбор шифои комилу оҷил хост.
Ёдовар мешавем, рӯзи 7 октябр Афғонистонро, аниқтараш музофоти Ҳиротро се заминҷунбии қавӣ такон дод, ки дар натиҷа беш аз ду ҳазор нафар қурбони ин офати даҳшатбор гардиданд.
Заминҷунбии даҳшатнок: Шумори қурбониёни зилзила дар Ҳирот аз ду ҳазор нафар гузашт
Тибқи маълумоти Маркази зилзиласанҷии аврупо ва Баҳри Миёназамин шиддати заминҷунбиҳо ба 6.1,6.2 ва 5,6 дараҷа юаробар буд.
Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва дигар инфрасохтор хароб гардид.
Илова бар ин, шумораи зиёди одамон беному нишон буда, ҷустуҷӯи онҳо ҳамоно идома дорад.
Бар асари заминларза ҳамчунин нафарони зиёд бенишон гашта, шумораи осебдидагон ба пуррагӣ муайян карда нашудааст.