ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ҷунбиши исломии фаластинии Ҳамос шояд аз аслиҳаи ИМА, ки аз Украина ворид шудааст, истифода кардааст.
Дар ин бора Марджори Тейлор Грин, узви Конгресс хабар дода, аз Пентагон хост, тафтиш кунад, ки ҷангиёни Ҳамос аслиҳаи амрикоиро аз куҷо дарёфт кардаанд.
Грин суол гузоштааст, ки аслиҳаи амрикоиро онҳо аз Афғонистон дастрас карданд ва ё Украина.
"Мо бояд бо Исроил ҳамкорӣ кунем, то рақамҳои силсилавии ҳама силоҳҳои амрикоии Ҳамос алайҳи Исроилро пайгирӣ кунем. Оё онҳо аз Афғонистон омадаанд ва ё Украина? Ба эҳтимоли зиёд аз ҳарду", - изҳор доштааст узви Конгресс.
Маврид ба зикр аст, ки аввалин далелҳои аз Украина ба дасти ҷангиёни фаластинӣ афтодани аслиҳаи ғарбӣ моҳи июни соли ҷорӣ маълум шуд. Он замон Нетаняҳу дар ин бора хабар дод.
Субҳи 7 октябр Исроилро Навори Ғазза мушакборон кард. Ба таъкиди мақомоти Исроил беш аз се ҳазор мушак ба қаламрави онҳо партоб шуд.
Илова бар ин, ҷангиёни Ҳамос пас аз ҳамлаҳои мушакӣ ба манотиқи марзӣ дар ҷануби кишвар ворид шуданд. Дар навбати худ артиши Исроил аз оғози амалиёти "шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза хабар дод.
Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ба мардум муроҷиат карда, эълон кард, ки кишвар дар ҳоли ҷанг аст.