Миёни қурбониёни заминларза дар Афғонистон тоҷикистониён низ ҳастанд? Посухи Душанбе

Тоҷикистон паёмадҳои силсилаи заминҷунбиҳои харобиовар дар музофоти Ҳироти Афғонистонро пайгирӣ дорад, ки ҳазорҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Миёни кушташудаҳо ва осебдидаҳои заминларзаҳо дар музофоти Ҳироти Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод. Тавре аз ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, паёмадҳои зилзиларо пайгирӣ доранд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба пайвандони кушташудагон тасаллият баён намуда, ба осебдидагони ин офати табиӣ шифои комил таманно кард.
Заминҷунбии навбатӣ дар макони харобшудаи Афғонистон
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 7 октябр Ҳироти Афғонистонро якбора силсилаи заминҷунбиҳои қавӣ такон дод, ки дар натиҷа беш аз 2 ҳазор нафар қурбон шуда, даҳҳо ҳазор тани дигар бехонаву дар монданд, мегӯянд мақомоти маҳаллӣ.
Ҳамчунин шумораи зиёди одамон бенишон шуданд, ки ҳоло ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.
Тибқи маълумоти Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин шиддати заминҷунбиҳо дар музофоти Ҳирот беш аз 6 дараҷа будаст.
Ҳамчунин субҳи 9 октябр боз як заминҷунбии дигари қариб 5-дараҷаӣ минтақаи осебдидаро такон дод, аммо дар мавриди хисороти он ҳанӯз расман иттилое дода нашудаст.